Дар ҷаласаи навбатии санаи 6-апрели иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум баррасии масъалаи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба 7 қонуни кишвар дар назар аст.
Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар иҷлосияи оянда вакилон тағйироту иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ва «Дар бораи молияи давлатии Тоҷикистон»-ро баррасӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, вакилон ҳамчунин тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва Кодекси фазои ҳавоиро низ муҳокима хоҳанд кард.
Зимнан зикр гардид, ки дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон масъалаи тасдиқи Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Олмон дар бораи ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2014-2015 низ баррасӣ мешавад.



