Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Кувайт

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 5 апрели соли 2016 муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Алӣ Сулаймон ас-Саидро ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот атрофи маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт ва  роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башарӣ табодули назари судманд сурат гирифт. Ёдрас мекунем, ки […]

ASIA-Plus



Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 5 апрели соли 2016 муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Алӣ Сулаймон ас-Саидро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот атрофи маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт ва  роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башарӣ табодули назари судманд сурат гирифт.

Ёдрас мекунем, ки ҳайати Давлати Кувайт таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Сулаймон ас-Саид ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт рӯзи 4 апрел ба Душанбе ташриф овард.

Баргузории машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт пагоҳ, 6 апрел дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.