Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов имрӯз, 5 апрели соли 2016 муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Алӣ Сулаймон ас-Саидро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот атрофи маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳо дар арсаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва башарӣ табодули назари судманд сурат гирифт.
Ёдрас мекунем, ки ҳайати Давлати Кувайт таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Алӣ Сулаймон ас-Саид ҷиҳати иштирок дар машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт рӯзи 4 апрел ба Душанбе ташриф овард.
Баргузории машваратҳои сиёсӣ байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Кувайт пагоҳ, 6 апрел дар назар аст.



