Суғд: Боздошти 6 имомхатиб ба иттиҳоми узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ

Радиои Озодӣ



Прокуратураи вилояти Суғд нисбати 6 имомхатиби масҷидҳои ҷомеъ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳо боздошт шудаанд. Имомхатибон ба узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти рокуратураи вилоят, тафтиши ин парвандаро шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи прокуратура пеш мебарад ва ба далели ворид нашудани халал ба тафтиш, наметавонанд ҷузъиёти парвандаро ошкор бикунанд.

Ин ходимони динро ҳудуди як моҳ пеш мақомоти пулис дастгир карда, ду имомхатиб аз Хуҷанд, дуи дигар аз Конибодом ва якнафарӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон (Қайроққум) будаанд.

Айни замон ба Радиои Озодӣ ному насаби се тан аз онҳо – Мақсуд Урунов, Абдуҷамил Юсупов ва Сулаймон Болтуев маълум будаанд, ки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум мебошанд.

Гуфта мешавад, агар гуноҳи имомхатибони боздоштшуда дар мурофиаи судӣ исбот шавад, ба онҳо ҷарима дар ҳаҷми аз 1 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол таҳдид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...