Суғд: Боздошти 6 имомхатиб ба иттиҳоми узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ

Прокуратураи вилояти Суғд нисбати 6 имомхатиби масҷидҳои ҷомеъ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳо боздошт шудаанд. Имомхатибон ба узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар дониста мешаванд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти рокуратураи вилоят, тафтиши ин парвандаро шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи прокуратура пеш мебарад ва ба далели ворид нашудани […]

Радиои Озодӣ



Прокуратураи вилояти Суғд нисбати 6 имомхатиби масҷидҳои ҷомеъ парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онҳо боздошт шудаанд. Имомхатибон ба узвият дар ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ гумонбар дониста мешаванд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

бо истинод ба як манбаъ дар мақомоти рокуратураи вилоят, тафтиши ин парвандаро шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои созмонёфтаи прокуратура пеш мебарад ва ба далели ворид нашудани халал ба тафтиш, наметавонанд ҷузъиёти парвандаро ошкор бикунанд.

Ин ходимони динро ҳудуди як моҳ пеш мақомоти пулис дастгир карда, ду имомхатиб аз Хуҷанд, дуи дигар аз Конибодом ва якнафарӣ аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Гулистон (Қайроққум) будаанд.

Айни замон ба Радиои Озодӣ ному насаби се тан аз онҳо – Мақсуд Урунов, Абдуҷамил Юсупов ва Сулаймон Болтуев маълум будаанд, ки имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳияҳои Конибодом, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроққум мебошанд.

Гуфта мешавад, агар гуноҳи имомхатибони боздоштшуда дар мурофиаи судӣ исбот шавад, ба онҳо ҷарима дар ҳаҷми аз 1 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисоб ё маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати аз 3 то 5 сол таҳдид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.