Cафири ИМА: Мо ба дастгирии озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон идома медиҳем

ASIA-Plus



Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад, ки ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодиҳои динӣ идома бидиҳад ва дар ҳамин ҳол, ҳамчунин кӯшишу талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо ифротгароии зӯроварона дастгирӣ менамояд.

Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард изҳор намуд, ки мушкилоти минтақавие ба мисли терроризму ифротгароии хушунатомез ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мояи нигаронии амиқи ҳам Тоҷикистону ҳам ИМА аст.

Дипломати амрикоӣ таъкид дошт, ки замони муқими Тоҷикистон будан ба ҳайси сафир барои таҳкими шарикии Тоҷикистону ИМА дар ҳаллу фасли ин хатару таҳдидҳои ҷиддӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши амният кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Э.Миллард бар ин назар аст, ки ба амнияти дарозмуддат, субот ва шукуфоӣ дар Тоҷикистон танҳо тавассути ҷонибдории қавӣ ба риояи волоияти қонун, рушди иқтисод, беҳбуди муҳити тиҷорат, ҳимоя аз ҳуқуқ ва озодиҳои мардум метавон ноил гардид.

«ИМА аз ҳадафҳои Тоҷикистон дар бахши амният, ислоҳоти демократӣ ва рушди иқтисодӣ дастгирӣ мекунад», – иброз дошт ӯ.

Сафири ИМА қайд кард, ки имсол ба аз ҷониби ИМА эътироф гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. «Замони ба сифати сафир дар Тоҷикистон қарор доштанам ба баланд бардоштани мусоидати мусбат ба мардум ва ҳукумати Тоҷикистон умедворам», – гуфт сафир.

Миллард таъкид дошт, ки аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо ИМА ба Тоҷикистон беш аз 1 млрд. доллари ИМА кумак кардааст. «ИМА ба ояндаи орому босубот, озодона ва шукуфои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат карданист», – афзуд Э.Миллард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...