Манъи парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин дар фазои Тоҷикистон

Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии кишварро тасдиқ намуданд, ки мутобиқи он ба истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар фазои ҳавоии кишвар маҳдудият ҷорӣ мешавад. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба масъалаи мазкур муовини аввали Раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров изҳор намуд, ки ин тағйирот пеш аз […]

ASIA-Plus



Бо пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ имрӯз тағйирот ба Кодекси фазои ҳавоии кишварро тасдиқ намуданд, ки мутобиқи он ба истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар фазои ҳавоии кишвар маҳдудият ҷорӣ мешавад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба масъалаи мазкур муовини аввали Раиси КДАМ Тоҷикистон Мансурҷон Умаров изҳор намуд, ки ин тағйирот пеш аз ҳама ба роҳ надодани ҳаракати дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин аз ҷониби созмону ҳаракатҳои террористӣ нигаронида шудааст.

«Минбаъд танҳо ҳукумат муайян мекунад, ки парвози ин гуна дастгоҳҳо дар фазои ҳавоии кишвари мо барои кӣ иҷозат дода мешаваду барои кӣ манъ аст», – гуфт М.Умаров. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.