Ҳукми 16 соли зиндон ба як сокини Ӯзбекистон барои ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон

Телевизиони давлатии Ӯзбекистон эълон кардааст, ки додгоҳии ҳарбии ин кишвар як сокини маҳаллиро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ бо такя ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар як филми мустанад, ки шаби 4 апрел дар телевизиони давлатии Ӯзбекистон пахш шудааст, зикр гардидааст, ки ин мард […]

Радиои Озодӣ



Телевизиони давлатии Ӯзбекистон эълон кардааст, ки додгоҳии ҳарбии ин кишвар як сокини маҳаллиро ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Тоҷикистон ба 16 соли зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

бо такя ба гузориши хабаргузории Ройтерз, дар як филми мустанад, ки шаби 4 апрел дар телевизиони давлатии Ӯзбекистон пахш шудааст, зикр гардидааст, ки ин мард аз авохири солҳои навади асри гузашта маълумоти арзишманд, аз ҷумла дар мавриди қисмҳои низомӣ дар ҷануби Ӯзбекистонро дар ихтиёри хадамоти маъсуси Тоҷикистон гузоштааст.

Ин навор “Хиёнаткор” ном дошта, дақиқ нагуфтааст, ки мурофиа кай ва дар куҷо сурат гирифтааст, аммо ба гуфтаи манбаъ, айдоршуда Шарифҷон Асроров, ки як марди миёнсол мебошад, дар ин навори телевизионӣ ба иттиҳомоти мазкур, “эътироф” кардааст.

Тибқи ин гузориш, Асроров бо ҳадамоти махсуси Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда ва дар мавриди мавқеи зиндонҳо дар Ӯзбекистон ва ҳамчунин қисмҳои низомӣ ва васоили мудофиавӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар минтақаҳои Сурхондарё, Қашқадарё ва Бухоро маълумот ироа мекардааст. Тибқи ин гузориш, Асроров бо як шаҳрванди Тоҷикистон оила барпо кардааст.

Мақомоти Тоҷикистон то ба ҳол дар мавриди ин иддаои ҷониби Узбакистон, вокунише нишон надодаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.