Э.Миллард: Террористонро аз мухолифони сиёсӣ фарқ мебояд кард

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард изҳор дошт, ки зимни ироаи кумак ба Тоҷикистон дар бахши амният кишвараш масоили риояи ҳуқуқҳои инсонро ба инобат мегирад. «Кумаки мо ба бахши амнияти Тоҷикистон бар асоси созишнома бо ҳукумати ин кишвар сурат гирифта, ҳадафи мо кумак ба Тоҷикистон дар муайян кардани таҳиду хатарҳо ва мубориза бо онҳо мебошад», […]

ASIA-Plus



Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард изҳор дошт, ки зимни ироаи кумак ба Тоҷикистон дар бахши амният кишвараш масоили риояи ҳуқуқҳои инсонро ба инобат мегирад.

«Кумаки мо ба бахши амнияти Тоҷикистон бар асоси созишнома бо ҳукумати ин кишвар сурат гирифта, ҳадафи мо кумак ба Тоҷикистон дар муайян кардани таҳиду хатарҳо ва мубориза бо онҳо мебошад», – гуфт сафир зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.

«Зимни ироаи кумак ба Тоҷикистон дар бахши амният мо масоили риояи ҳуқуқҳои башарро ба инобат мегирем», – посух дод Э.Миллард ба саволи журналистон бобати имкони аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон истифода шудани ин кумак бо мақсади фишор болои мухолифони сиёсии мусолиҳакор.

Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо ифротгароиву терроризм мубориза мебарад ва ин кори осоне нест. «Аммо самтҳои мубориза бо терроризм бояд возеҳу аён бошанд ва террористонро аз мухолифони сиёсӣ фарқ мебояд кард», – афзуд сафир.

Қобили зикр аст, ки ахири моҳи гузашта васоити ахбори умуми хориҷӣ бо истинод ба Вазорати мудофиаи ИМА

иттилоъ дода буданд

, ки Пентагон кумакҳои низомӣ ба дигар кишварҳоро афзун карданист. Нашрияи Politico дар ин робита 

навишта буд

, ки миёни кишварҳое, ки аз ин лиҳоз дастгирӣ меёбанд, Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ба андешаи Вазорати мудофиаи ин кишвар, дар он ҷо мавридҳои шиканҷаву таъқиб ба таври густурда истифода мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.