Мубин Эргашев пас аз беморӣ ба кор баромад

ASIA-Plus



Пас аз 10 рӯзи бистарӣ дар бемористон сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Мубин Эргашев ба кор баромад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии бошгоҳи «Истиқлол», мутахассиси 43-сола рӯзи 5 апрел дар тамрини якунимсоатаи футболбозони ин даста ҳузур доштааст.

Қобили зикр аст, ки Мубин Эргашев, ки то 30 март ҳамзамон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистон низ фаъолият дошт, рӯзи 27 март ба иллати бемории дил дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ шуд.

Ёдрас мекунем, ки 30 марти соли ҷорӣ раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳайати мураббиёни дастаи мунтахаби футболи кишварро пурра

ба истеъфо фиристод

. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии даста Мубин Эргашев ҳамроҳ бо ёварони худ бинобар натиҷаҳои ғайриқаноатбахши даста дар мусобиқоти марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018, ки мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» зинаи 4-умро ишғол намуд, аз мансабҳояшон барканор шуданд.

Бино ба 

иттилои

 сомонаи расмии ФФТ, дастаи мунтахаби кишварро ба мусобиқаҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 ҳайати нави мураббиён омода хоҳад кард. Сармураббии нави даста ояндаи наздик эълон шуда, ӯ мустақилона ёварони худро интихоб мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...