Истеҳсоли 20 номгӯи молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот дар Тоҷикистон

Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор намуд, ки аз ҷониби ниҳоди зертобеъаш барномаи панҷсолаи дар кишвар роҳандозӣ намудани истеҳсоли як қатор молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мавриди таҳия қарор дорад. Ба гуфтаи ӯ, барномаи зикршуда ба наздикӣ ҷиҳати тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод шуда, мувофиқи он дар […]

ASIA-Plus



Дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор намуд, ки аз ҷониби ниҳоди зертобеъаш барномаи панҷсолаи дар кишвар роҳандозӣ намудани истеҳсоли як қатор молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот мавриди таҳия қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, барномаи зикршуда ба наздикӣ ҷиҳати тасдиқ ба ҳукумати кишвар пешниҳод шуда, мувофиқи он дар дурнамои миёнамуҳлат дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ намудани истеҳсоли ҳадди ақал 20 номгӯи молу маҳсулоти ивазкунандаи воридот пешбинӣ шудааст, аммо вазир саҳеҳан аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ истеҳсол шудани кадом навъи маҳсулотро зикр накард.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар ин робита қайд кард, ки айни замон аз ҳаҷми умумии ҳосили пахтае, ки дар Тоҷикистон ҷамъоварӣ мешавад, ҳамагӣ 6% фоизаш дар дохилӣ ҷумҳурӣ коркард ва аз он маҳсулот истеҳсол мешавад.

«Ҳосили пахтаи боқимондаро мо бо нархи ночиз ба хориҷа мефурӯшем ва сипас бо нархи даҳчанд болотар маҳсулоти аз пахтаи худ истеҳсолшударо мехарем», – гуфт Зуҳуров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.