Русия ва Тоҷикистон талошҳо дар мубориза бо ДИ-ро муттаҳид карданианд

Дар Душанбе 6 апрели соли 2016 миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид. Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Русияро муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд. Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба вазъи […]

ASIA-Plus



Дар Душанбе 6 апрели соли 2016 миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.

Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Русияро муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба вазъи минтақа, ҷанбаҳои мубрами таъмини амният, хусусиятҳои терроризми муосир ва муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, оид ба усулҳои ифротишавии ҷомеа ва роҳҳои бартарафсозии он табодули назар  намуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳошияи машваратҳо роҳбари ҳайати Русияро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.


Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба натиҷаҳои сафари дипломати рус ба Тоҷикистон, зимни мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ зарурати муттаҳид сохтани талошҳо дар мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ) таъкид шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷузъиёти вазифаҳои бештар умда дар бахши муқовимат бо терроризм байнулмилалӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба роҳандози амалҳо дар ин самт бо инобати нақши мутамаркази СММ ва Шӯрои Амнияти он бидуни сиёсатгароӣ ва «меъёрҳои дугуна» омодагии усулӣ изҳор намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.