Сардори пулиси Петербург: Аз қазияи Умаралӣ хулосаҳои даркорӣ баровардем

ASIA-Plus



Сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Сергей Умнов иттилоъ додааст, ки аз қазияи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа мақомоти пулис хулосаҳои даркорӣ баровардаанд.


Лайфньюз.

менависад, зимни посух ба саволҳои вакилон Борис Вишневский ва Максим Резник дар доираи ҳисоботи ҳамасола назди Маҷлиси қонунгузории Петербург ӯ изҳор доштааст, ки наҷоти тифли тоҷик Умаралӣ Назаров танҳо дар шароити муолиҷа дар бемористон имкон дошт.

«Ман ин ҳодисаро шарҳ дода наметавонам, ба таҳқиқи он Кумитаи тафтишот машғул аст. Ҳалокати писарча ғамангезу таассуфовар аст, вале сабаби марги ӯро ҷустуҷӯ ва онҳоро ҳам ба инобат гирифтан зарур аст. Мувофиқи амалҳои тафтишотӣ, ки дар ин самт анҷом гирифтаанд ва мутобиқи натиҷаҳои ташхис, Умаралӣ аз амалҳои хадамоти муҳоҷират ё мақомоти пулис ҳалок нашудааст», – иброз доштааст ӯ.

Ба андешаи номбурда,

иттилоъ медиҳад

Росбалт, нозири пулис оид ба умури ноболиғон тифлро ба бемористон фиристода, воқеъан имкон дошт, ки ӯро наҷот диҳад, зеро ӯ бемори вазнин буд. «Лекин нагар нозир ӯро ба бемористон раҳсипор намекарду ӯ бегоҳӣ дар хонаашон ҳалок мешуд, дар он вақт нозири пулис муҷозот мешуд», – гуфтааст ӯ.

Ба қавли Умнов, дар ин ҳолат метавон доир ба омилҳои гуногуни инфродӣ ҳарф зад. «Лекин мо ба хулосаи ягона расидем ва маротиба дигар бештар таваҷҷуҳ хоҳем кард, ки чӣ гуна рафтор намоем», – қайд кардааст сардори мақомоти пулис.

Нимаи моҳи марти соли ҷорӣ

иттилоъ дода будем

, ки Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсияи Русия оид ба марги тифли 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар Петербург, ки  моҳи октябри соли гузашта рух дода буд, хулосаи муфассал омода мекунад.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...