Сардори пулиси Петербург: Аз қазияи Умаралӣ хулосаҳои даркорӣ баровардем

Сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Сергей Умнов иттилоъ додааст, ки аз қазияи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа мақомоти пулис хулосаҳои даркорӣ баровардаанд. Лайфньюз. менависад, зимни посух ба саволҳои вакилон Борис Вишневский ва Максим Резник дар доираи ҳисоботи ҳамасола назди Маҷлиси қонунгузории Петербург ӯ изҳор доштааст, ки наҷоти тифли тоҷик […]

ASIA-Plus



Сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград Сергей Умнов иттилоъ додааст, ки аз қазияи марги тифли тоҷик Умаралӣ Назарови 5-моҳа мақомоти пулис хулосаҳои даркорӣ баровардаанд.


Лайфньюз.

менависад, зимни посух ба саволҳои вакилон Борис Вишневский ва Максим Резник дар доираи ҳисоботи ҳамасола назди Маҷлиси қонунгузории Петербург ӯ изҳор доштааст, ки наҷоти тифли тоҷик Умаралӣ Назаров танҳо дар шароити муолиҷа дар бемористон имкон дошт.

«Ман ин ҳодисаро шарҳ дода наметавонам, ба таҳқиқи он Кумитаи тафтишот машғул аст. Ҳалокати писарча ғамангезу таассуфовар аст, вале сабаби марги ӯро ҷустуҷӯ ва онҳоро ҳам ба инобат гирифтан зарур аст. Мувофиқи амалҳои тафтишотӣ, ки дар ин самт анҷом гирифтаанд ва мутобиқи натиҷаҳои ташхис, Умаралӣ аз амалҳои хадамоти муҳоҷират ё мақомоти пулис ҳалок нашудааст», – иброз доштааст ӯ.

Ба андешаи номбурда,

иттилоъ медиҳад

Росбалт, нозири пулис оид ба умури ноболиғон тифлро ба бемористон фиристода, воқеъан имкон дошт, ки ӯро наҷот диҳад, зеро ӯ бемори вазнин буд. «Лекин нагар нозир ӯро ба бемористон раҳсипор намекарду ӯ бегоҳӣ дар хонаашон ҳалок мешуд, дар он вақт нозири пулис муҷозот мешуд», – гуфтааст ӯ.

Ба қавли Умнов, дар ин ҳолат метавон доир ба омилҳои гуногуни инфродӣ ҳарф зад. «Лекин мо ба хулосаи ягона расидем ва маротиба дигар бештар таваҷҷуҳ хоҳем кард, ки чӣ гуна рафтор намоем», – қайд кардааст сардори мақомоти пулис.

Нимаи моҳи марти соли ҷорӣ

иттилоъ дода будем

, ки Кумитаи қонунгузории конститутсионии Шӯрои Федератсияи Русия оид ба марги тифли 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дар Петербург, ки  моҳи октябри соли гузашта рух дода буд, хулосаи муфассал омода мекунад.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябр аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.