ХФМ: Шумори тоҷикон дар Русия меафзояд



Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия маълумоти ахир (ба санаи 5 апрели соли 2016) дар бораи шумори шаҳрвандони дар қаламрави ин кишвар қарордоштаро ба нашр расонид.

Ҳамин тариқ, мутобиқи омори ХФМ, айни замон 1.755.781 шаҳрванди Ӯзбекистон (аз ҷумла, 1.428.167 мардон ва 327.614 занон), 588.811 шаҳрванди Қазоқистон (370.632 мардон ва 218.179 занон), 574.194 шаҳрванди Қирғизистон (351.121 мардон ва 223.073 занон), 878.536 шаҳрванди Тоҷикистон (727.330 мардон ва 151.206 занон) ва 24.363 шаҳрванди Туркманистон (15.450 мардон ва 8.913 занон) дар қаламрави Русия кору таҳсил ва зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо аввали моҳи март дар аввали моҳи апрел метавон аз афзоиши начандон назарраси шумори шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ва Турманистон ва ҳамзамон коҳиши шумори шаҳрвандони Ӯзбекистону Қазоқистон ҳарф зад.

Аввали моҳи март 1.762.364 шаҳрванди Ӯзбекистон, 625.161 шаҳрванди Қазоқистон, 573.097 шаҳрванди Қирғизистон, 863.426 – шаҳрванди Тоҷикистон ва 24.256 – шаҳрванди Турманистон муқими Русия буданд.

spot_imgspot_img

Популярное