ХФМ: Шумори тоҷикон дар Русия меафзояд

Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия маълумоти ахир (ба санаи 5 апрели соли 2016) дар бораи шумори шаҳрвандони дар қаламрави ин кишвар қарордоштаро ба нашр расонид. Ҳамин тариқ, мутобиқи омори ХФМ, айни замон 1.755.781 шаҳрванди Ӯзбекистон (аз ҷумла, 1.428.167 мардон ва 327.614 занон), 588.811 шаҳрванди Қазоқистон (370.632 мардон ва 218.179 занон), 574.194 шаҳрванди Қирғизистон (351.121 мардон […]



Хадамоти федералии муҳоҷират (ХФМ)-и Русия маълумоти ахир (ба санаи 5 апрели соли 2016) дар бораи шумори шаҳрвандони дар қаламрави ин кишвар қарордоштаро ба нашр расонид.

Ҳамин тариқ, мутобиқи омори ХФМ, айни замон 1.755.781 шаҳрванди Ӯзбекистон (аз ҷумла, 1.428.167 мардон ва 327.614 занон), 588.811 шаҳрванди Қазоқистон (370.632 мардон ва 218.179 занон), 574.194 шаҳрванди Қирғизистон (351.121 мардон ва 223.073 занон), 878.536 шаҳрванди Тоҷикистон (727.330 мардон ва 151.206 занон) ва 24.363 шаҳрванди Туркманистон (15.450 мардон ва 8.913 занон) дар қаламрави Русия кору таҳсил ва зиндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, дар муқоиса бо аввали моҳи март дар аввали моҳи апрел метавон аз афзоиши начандон назарраси шумори шаҳрвандони Қирғизистону Тоҷикистон ва Турманистон ва ҳамзамон коҳиши шумори шаҳрвандони Ӯзбекистону Қазоқистон ҳарф зад.

Аввали моҳи март 1.762.364 шаҳрванди Ӯзбекистон, 625.161 шаҳрванди Қазоқистон, 573.097 шаҳрванди Қирғизистон, 863.426 – шаҳрванди Тоҷикистон ва 24.256 – шаҳрванди Турманистон муқими Русия буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.