Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Ғалаба ба ҳар кадоме аз собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнат, оилаҳои дар фронт фавтидагон ва шахсони дорои хизматҳои шоиста ба ватан 2 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ ҷудо кард.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, аз ин кумаки молии сарвари давлат ҳудуди 3 ҳазор нафар собиқадорони ҷангу меҳнат ва афроди дорои хизматҳои шоиста ба ватан баҳравар мешаванд.
Кумаки молии президент ба ифтихори ҷашни 71-умин солгарди Ғалабаро роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоят ва шаҳру навоҳӣ ва раҳбарияти Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар маҳалҳо ба собиқадорон тақдим мекунанд.
Тибқи маълумоти Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат, имрӯз дар Тоҷикистон 633 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ҳаётанд. Ҳанӯз соли гузашта шумори онҳо ба 810 нафар баробар буд. Шумори коргарони ақибгоҳ ҳудуди 2 ҳазор нафар ва шахсони мансуб ба оилаҳои афвтидагон дар ҶБВ 10 нафарро ташкил медиҳад.





