Freedom House: Дар Тоҷикистон сатҳи демократия поин меравад

Дар гузориши нави созмони амрикоии ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ рушди демократия дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамсоякишварҳо дар минтақа манфӣ арзёбӣ мешавад. Дар гузориши созмон таҳти унвони «Кишварҳои дар ҳоли гузариш-2015», ки имрӯз, 12 апрел мунташир шуд, вазъи рушди демократия дар кишварҳои ИДМ ва Аврупои Шарқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. […]

ASIA-Plus



Дар гузориши нави созмони амрикоии ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқи Freedom House ё худ Хонаи Озодӣ рушди демократия дар Тоҷикистон дар муқоиса бо ҳамсоякишварҳо дар минтақа манфӣ арзёбӣ мешавад.

Дар гузориши созмон таҳти унвони «Кишварҳои дар ҳоли гузариш-2015», ки имрӯз, 12 апрел мунташир шуд, вазъи рушди демократия дар кишварҳои ИДМ ва Аврупои Шарқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки соли гузашта дар Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаҳои демократия «афтиши драмавӣ» ба мушоҳида расидааст, ки дар ин робита ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамсояҳои худ дар минатқа қафо мондааст.

Дар гузориш вазъи демократия дар 29 кишвари минтақаи бузургмиқёс – аз Аврупои Марказӣ то Осиёи Марказӣ ба риштаи таҳлил кашида шудааст.

Freedom House вазъ дар кишварҳоро бар асоси вазъи ҷараёни интихобот, мавқеи ҷомеаи шаҳрвандӣ, сатҳи мустақилияти расонаҳо, мизони коррупсия, сифати идоракунии миллӣ ва маҳаллӣ ва мустақлияти низоми судӣ баҳогузорӣ кардааст.

Дар гузориш қайд мешавад, ки бо назардошти мушкилоти иқтисодӣ кишварҳои пасошӯравӣ ба таҳдиди амният рӯ ба рӯ шуданд.

Ба гуфтаи

Нейт Шенкан

, яке аз муаллифони гузориш, дар Тоҷикистон соли гузашта ба мухолифини фишори бесобиқа сурат гирифта, Қазоқистон ва Қирғизистон бо мақсади назорат аз болои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳуқуматӣ қонунҳо қабул ва ба Русия дар «навгониҳояш дар бахши маҳдудиятҳо» пайравӣ карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.