Имрӯз дар Академияи илмҳои Тоҷикистон бо иштироки олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм маросими супоридани ҷоизаҳои илмӣ бахшида ба «Рӯзи касбии олимони кишвар» баргузор гардида, як қатор олимони шинохта барои ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар соҳаи илм ва пайвастани илм бо истеҳсолот бо ҷоизаҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бино ба
иттилои
маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, Раҳимзода Рамазон Ҳамро – вазири корҳои дохилӣ, генерал-лейтенанти милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқ, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи Муҳаммад Осимӣ дар соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ гардид.
Ҳамчунин Раҳимзода Рамазон Ҳамро, аъзои ҳақиқии Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ (Всемирная Академия Наук Комплексной Безопасности) гардида, аз ҷониби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳими Фарҳод ба вазири корҳои дохилӣ Дипломи ин Академияи бонуфузи ҷаҳонӣ супорида шуд.
Сипас вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баромад намуда, олимону мутахасисони варзидаи кишварро бахшида ба Рӯзи касбии олимон табрику муборакбод намуд.
Мавсуф дар идомаи баромад доир ба соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, заминаҳои ҳуқуқӣ, тарзу усули ташкили кори фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, қувва ва воситаҳо, маблағгузорӣ ва қисми махсуси соҳаи мазкур муфассал ибрози андеша намуд.
Зикр гардид, ки бо пешниҳоди олимон барои дастрас будани илми соҳаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ барои мутахассисони дигар давлатҳо якчанд рӯз пеш китоби «Оперативно-розыскные мероприятия: правовые основы» (Чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ: заминаҳои ҳуқуқӣ) бо забони русӣ аз чоп баромад, ки дар он ташаккули фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони таърихӣ, инкишоф ва рушди заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Тоҷикистони ҳозиразамон, мафҳуми баъзе хусусиятҳо ва тартиби гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муфассал дарҷ гардидаанд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни баромади хеш қайд намуд, ки фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарин дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва дигар қонунвайронкуниҳо маҳсуб ёфта, ҳар як корманди оперативӣ рӯзе нест, ки ба самт сару кор надошта бошад.



