– Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) метавонад аз иштирок дар мониторинги раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи Тоҷикистон худдорӣ варзад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ.
Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни вохӯриҳои ғайрирасмӣ бо сохторҳои давлатии Тоҷикистон намояндагони ДИДҲБ/САҲА изҳор доштаанд, ки онҳо нозирони худро асосан ба маъракаҳои интихоботи дар паҳнои САҲА доирмешуда сафарбар месозанд. «Онҳо гуфтанд, ки баргузор кардани мониторинги раъйпурсиҳо вазифаи онҳо нест», – гуфт ӯ.
Аммо қобили зикр аст, ки ҳайати ДИДҲБ/САҲА 6 декабри соли гузашта дар раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот дар Конститутсияи Арманистон фаъолона ширкат вразида, аз рӯи натиҷаҳои он ба ҳукуматдорони ин кишвар гузориши махсус ва тавсияҳо таҳия намуд. Аз рӯи натиҷаҳои ин раъйпурсӣ Арманистон аз шакли ҳокимияти президентӣ ба парлумонӣ гузашт.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти КМИР Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аллакай иштироки ҳайати нозиронашро дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Конститутсияи Тоҷикистон тасдиқ намуд.
Дар маъракаи раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Конститутсияи Тоҷикистон иштироки беш аз 4 млн. 350 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар назар аст.





