Имкони худдории нозирони САҲА аз иштирок дар маъракаи раъйпурсӣ дар Тоҷикистон

– Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) метавонад аз иштирок дар мониторинги раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи Тоҷикистон худдорӣ варзад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ. Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни вохӯриҳои ғайрирасмӣ […]



– Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) метавонад аз иштирок дар мониторинги раъйпурсии умумихалқии санаи 22 май оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Конститутсияи Тоҷикистон худдорӣ варзад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз доираҳои наздик ба ҳукумати ҷумҳурӣ.

Бино ба гуфтаи манбаъ, зимни вохӯриҳои ғайрирасмӣ бо сохторҳои давлатии Тоҷикистон намояндагони ДИДҲБ/САҲА изҳор доштаанд, ки онҳо нозирони худро асосан ба маъракаҳои интихоботи дар паҳнои САҲА доирмешуда сафарбар месозанд. «Онҳо гуфтанд, ки баргузор кардани мониторинги раъйпурсиҳо вазифаи онҳо нест», – гуфт ӯ.

Аммо қобили зикр аст, ки ҳайати ДИДҲБ/САҲА 6 декабри соли гузашта дар раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот дар Конститутсияи Арманистон фаъолона ширкат вразида, аз рӯи натиҷаҳои он ба ҳукуматдорони ин кишвар гузориши махсус ва тавсияҳо таҳия намуд. Аз рӯи натиҷаҳои ин раъйпурсӣ Арманистон аз шакли ҳокимияти президентӣ ба парлумонӣ гузашт.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти КМИР Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аллакай иштироки ҳайати нозиронашро дар пайгирӣ (мониторинг)-и маъракаи раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Конститутсияи Тоҷикистон тасдиқ намуд.

Дар маъракаи раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ва илова ба Конститутсияи Тоҷикистон иштироки беш аз 4 млн. 350 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.