Зимни мулоқот дар шаҳри Тошканд котибони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистиону Ӯзбекистон Абдураҳим Қаҳҳоров ва Виктор Маҳмудов дурнамои муносибатҳои ҳарду кишварро баррасӣ карданд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мавриди таҳлилу барраӣ қарор гирифта, доир ба як қатор мушкилоти сиёсати минтақавӣ ва байнулмилалӣ табодули назар сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин ба масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳои нав таваҷҷуҳ зоҳир намуда, оид ба рафти корҳои омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд изҳори назар карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ин гуфтушуниди Абдураҳим Қаҳҳоров ва Виктор Маҳмудов рӯзи 13 апрел дар доираи кори ҷаласаи котибони Шӯроҳои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд.





