Туризм ба буҷети давлатӣ 36 млн. $ даромад овард

Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 89,1 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки 73 ҳазору 200 нафарашон сайёҳон (туристон) мебошанд. Дар дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ин шумор 5,8 ҳазор нафар бештар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ин […]

ASIA-Plus



Давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 89,1 ҳазор шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуданд, ки 73 ҳазору 200 нафарашон сайёҳон (туристон) мебошанд. Дар дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ин шумор 5,8 ҳазор нафар бештар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар ин робита иттилоъ дод, даромади умумӣ ба буҷети давлатии кишвар аз ташрифи сайёҳон дар ин давра 36 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, афзоиши ҳамасолаи шумори ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон ба туфайли сулҳу созиш дар ҷумҳурӣ, беҳбуди сатҳи хизматгузорӣ ба меҳмонон, баланд бардоштани сатҳи огаҳии шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон ва мероси ғании таърихиву фарҳангии он ба даст омадааст.

Ёдрас мекунем, ки соли 2015 дар маҷмӯъ 413 ҳазору 834 нафар сайёҳони хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид намуда, даромади умумӣ аз ин соҳа ба буҷети давлатӣ 206 млн. 917 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.