Пешбарии Раҳмон Озода Эмомалӣ ба вакилӣ дар Маҷлиси миллӣ



Дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки имрӯз ба кор шурӯъ намуд, Раҳмон Озода Эмомалӣ, духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, якдилона ва бидуни алтернатива номзад ба аъзогӣ дар палатаи болоии парлумон – Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар дод.

Ёдрас мекунем, ки Комиссияи марказии интихобот в араъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи 25 марти худ дар бораи санаи 29 май баргузор намудани интихоботи пешазмуҳлат ба палатаи болоии парлумон ба ҷойи вакили хориҷшуда аз он, собиқ роҳбари дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар Бахтиёр Худоёрзода, ки ахири моҳи январ раиси КМИР Тоҷикистон таъин шуд, қарор қабул кард.

Раҳмон Озода Эмомалӣ, ки ба ҳайси муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ фаъолият дошт, ба курсии роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент нишаст. Раҳмон Озода Эмомалӣ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст.

Дар ҳамаи панҷ  даъват роҳбарони амалкунандаи дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар бидуни истисно аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб шуда буданд.

Замоне роҳбарони амалкунандаи дастгоҳи иҷроияи президент Амиршо Миралиев, Матлубхон Давлатов ва Бахтиёр Худоёрзода натанҳо аъзои палатаи болоии парлумон интихоб шуда буданд, балки ба кумитаҳои гуногуни он роҳбарӣ низ мекарданд.

Як манбаъи «Азия-Плюс» дар доираҳои наздик ба ҳукумат пешгӯӣ мекунад, ки эҳтимоли интихоби роҳбари кунунии дастгоҳи иҷроияи президент Раҳмон Озода Эмомалӣ ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ хеле бузург аст.

«Ман сад фоиз бар ин боварам, ки Раҳмон Озода Эмомалӣ дар интихоботи санаи 29 май таъиншуда натанҳо аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешавад, балки Кумитаи палатаи болоии парлумон оид ба таъмини ҳуқуқии асосҳои конститусионӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро ба роҳбарӣ хоҳад гирифт», – афзуд манбаъ. 

spot_imgspot_img

Популярное