Нигаронии Шералӣ Мирзо аз интизом дар артиш

Таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиа доир гардида, дар он масоили марбут ба таъмини волоияти қонун, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангӣ ва дар ин замина боз ҳам тақвият додани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои маркази […]

ASIA-Plus



Таҳти раёсати вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати мудофиа доир гардида, дар он масоили марбут ба таъмини волоияти қонун, пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи тайёрии ҷангӣ ва дар ин замина боз ҳам тақвият додани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстию маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, дар ҷаласаи ҳайати мушовара ҳамчунин як қатор масъалаҳои муҳими соҳавӣ, аз ҷумла омодагии ҷангӣ, тайёрии амалиётӣ, вазъи ҷинояту қонуншиканиҳо, ҳолати нигаҳдорӣ ва истифодаи самараноки техникаҳои зиреҳпӯши ҷангиву автомобилӣ, ҷараёни чорабиниҳои даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, қабулу ҷобаҷокунии наваскарон дар қисмҳои низомӣ, натиҷаҳои санҷиши инспексионӣ ва дигар самтҳои фаъолияти ин ниҳоди қудратӣ мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.

Гуфта мешавад, вазири мудофиа таваҷҷуҳи ҳозиринро ба масоили пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, ҳифз ва ҳимояи шаҳрчаҳои низомӣ, боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Пас аз рейдҳо дар саросари кишвар ҳудуди 6 ҳазор нафар муҳоҷирон аз Русия ихроҷ мешаванд

Барои 7,7 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ вуруд ба кишвар манъ шудааст.

Гарду ғубор дар Тоҷикистон. Вазорати тандурустӣ гуфт, чӣ гуна худро аз хокбориш ҳифз кард

Ҳавои ғуборолуд дар кишвар солҳои охир ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфтааст.

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.