Барзу Абдураззоқовро ба Русия роҳ надоданд

Марзбонони рус ба вуруди коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов ба қаламрави кишвар иҷозат надода, ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд. Ӯ аввали моҳи апрел то Маскав расида, сипас аз он ҷо ҷиҳати иштирок дар Ҷашнвораи XVIII байналмилалии театрҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия бо номи «Встречи в России» бояд ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард. Дар ҷашнвора […]



Марзбонони рус ба вуруди коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов ба қаламрави кишвар иҷозат надода, ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд.

Ӯ аввали моҳи апрел то Маскав расида, сипас аз он ҷо ҷиҳати иштирок дар Ҷашнвораи XVIII байналмилалии театрҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия бо номи «Встречи в России» бояд ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард.

Дар ҷашнвора Абдураззоқов мебоист дар намоиши спектакли  «Достони манқурт», ки аз рӯи асари «Дуроҳаи бӯҳронӣ ё як рӯзи дарозтар аз аср»-и Чингиз Айтматов таҳия шудааст, иштирок мекард. Ин намоишнома ба дарёфти

ҷоизаи олии ҷашнвора

мушарраф гардид. Намоишнома аз ҷониби Театри давлатии милии русии ба номи Чингиз Айтматови Қирғизистон пешниҳод гардид.

Дар суҳбат бо

Радиои Озодӣ

Барзу Абдураззоқов дар ин робита изҳор доштааст, ки  бо шиносномае, ки тӯли шаш соли охир дар дасташ буд ва бо он марзи чандин кишвари дунёро убур кардааст, ба Русия рафта буд, аммо марзбонҳои он кишвар гӯё дар он нуқсеро ёфта ва ба ин далел ӯро ихроҷ кардаанд.

«Самти парвози мо аз Бишкек ба Маскав ва аз онҷо ба Санкт-Петербург буд. Вақте ба Маскав расидем, сарҳадбонҳои рус шиносномаамро диданд, ки дар он ҷо чандин бор ба Украина, Туркия ва Гурҷистону Эрон рафтаам. Онҳо хеле асабонӣ ба назар мерасиданд. Баъд, намояндагони ФСБ омада, шиносномаи маро гирифтанд ва нусхабардорӣ карданд. Ба ман гуфтанд, ки дар шиносномаатон хато ҳаст ва маро нигоҳ доштанд. Ҳарчанд хостам, ки ба Вазорати фарҳанги Русия занг занам, то бубинанд, ки чӣ мушкил аст, иҷоза надоданд», – нақл кардааст ӯ.

Коргардон гуфтааст, ба ин тартиб тӯли тақрибан як соат дар фурудгоҳи “Домодедово” банд монда ва пас аз он бо ҳавопаймое, ки мусофиронро аз Маскав ба Кӯлоб меовард, ба Тоҷикистон фиристода шудааст. «Дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвора алакай дар Душанбе будам ва гурӯҳи ман бе ҳузури ман дар ҷашнвора иштирок кард,” – гуфтааст ӯ.

Қайд мешавад, ки ин коргардони тоҷик ҳоло шиносномаи нав гирифтааст ва гуфтааст, то чанд рӯзи дигар барои идомаи кораш ба хориҷа хоҳад рафт, аммо  омаданаш ба Тоҷикистон ҳамин тавр бо “гуноҳи” шиноснома ва тасодуфӣ набуда, балки аз қабл ният доштаааст барои дидорбинии модараш ба Душанбе биояд. «Ман барои парвоз аз Санкт-Петербург ба Душанбе дар рӯзи 10 апрел билет гирифта будам, вале тақдир моро як ҳафта пештар ба назди модар расонд», – иброз доштааст Барзу.

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов соли 1959 дар Душанбе ба дунё омадааст. Падари ӯ ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ва модараш коргардони низ маъруфи театр Фотима Ғуломова мебошанд. Соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарский дар шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Дар соли 2009 намоишномаи “Девонагӣ. Соли 93”, ки Барзу Абдураззоқов дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, аз ҷониби мақомоти вазорати фарҳанг манъ карда шуд. Баъди он дар Тоҷикистон ба ин коргардон имкони кор надоданд ва ӯ дар соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол паиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.