Заҳролудшавии ҳудуди 60 муҳоҷири ОМ дар Маскав



Шоми рӯзи 13 апрел пас аз тановули хӯроки шом дар ошхонаи яке аз хобгоҳҳои бинокорони шаҳри Маскав ҳудуди 60 нафар муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ (ОМ) заҳролуд шуда, 58 тан аз онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар Раёсати тандурустии пойтахти Русия ба хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додаанд, ки ба ҳолати соати 10-и вақти Маскав вазъи солимии ҳамаи онҳо қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, пас аз тановули хӯроки шом дар ошхона коргарон аз беҳолӣ шикоят намуда, табибон ба ошхона ҳозир шудаанд ва ҳудуди 60 нафарро дар беморхона бистариву 80 тани дигарро баъди кумаки аввалияи тиббӣ аз беморхона рухсат додаанд.

Зикр мегардад, ки коргарон пас аз истеъмоли таоми пюреи картошка бо гӯшти мурғ заҳролуд шуда, ин хӯрокро ширкати аутсортингӣ дар шакли хӯроки шоми тайёр овардааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки тамоми афроди заҳролудшуда зодагони Ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон буда, дар сохтмони мутааллиқ ба ширкати бузурги сохтмонӣ машғули кор будаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, танҳо ду тан аз заҳролудшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки инҳо Акмалҷон Хушназаров, зодаи шаҳри Турсунзода ва Хумабек Зайидинов, сокини шаҳри Кӯлоб мебошанд.

«Айни замон вазъи солимии онҳо қаноатбахш аст, – хабар дод сухангӯи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ. – Кормандони сафоратхона ба аёдати ин шаҳрвандон рафта, онҳо бо кумаки зарурии тиббӣ фаро гирифта шудаанд».

spot_imgspot_img

Популярное