Заҳролудшавии ҳудуди 60 муҳоҷири ОМ дар Маскав

Шоми рӯзи 13 апрел пас аз тановули хӯроки шом дар ошхонаи яке аз хобгоҳҳои бинокорони шаҳри Маскав ҳудуди 60 нафар муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ (ОМ) заҳролуд шуда, 58 тан аз онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд. Дар Раёсати тандурустии пойтахти Русия ба хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додаанд, ки ба ҳолати соати 10-и вақти […]



Шоми рӯзи 13 апрел пас аз тановули хӯроки шом дар ошхонаи яке аз хобгоҳҳои бинокорони шаҳри Маскав ҳудуди 60 нафар муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ (ОМ) заҳролуд шуда, 58 тан аз онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Дар Раёсати тандурустии пойтахти Русия ба хабаргузории ТАСС дар ин робита иттилоъ додаанд, ки ба ҳолати соати 10-и вақти Маскав вазъи солимии ҳамаи онҳо қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Гуфта мешавад, пас аз тановули хӯроки шом дар ошхона коргарон аз беҳолӣ шикоят намуда, табибон ба ошхона ҳозир шудаанд ва ҳудуди 60 нафарро дар беморхона бистариву 80 тани дигарро баъди кумаки аввалияи тиббӣ аз беморхона рухсат додаанд.

Зикр мегардад, ки коргарон пас аз истеъмоли таоми пюреи картошка бо гӯшти мурғ заҳролуд шуда, ин хӯрокро ширкати аутсортингӣ дар шакли хӯроки шоми тайёр овардааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба таҳқиқи ин ҳодиса шурӯъ кардаанд.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки тамоми афроди заҳролудшуда зодагони Ӯзбекистону Қирғизистон ва Тоҷикистон буда, дар сохтмони мутааллиқ ба ширкати бузурги сохтмонӣ машғули кор будаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти сафоратхонаи Тоҷикистон дар Маскав, танҳо ду тан аз заҳролудшудагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки инҳо Акмалҷон Хушназаров, зодаи шаҳри Турсунзода ва Хумабек Зайидинов, сокини шаҳри Кӯлоб мебошанд.

«Айни замон вазъи солимии онҳо қаноатбахш аст, – хабар дод сухангӯи сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ. – Кормандони сафоратхона ба аёдати ин шаҳрвандон рафта, онҳо бо кумаки зарурии тиббӣ фаро гирифта шудаанд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.