Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво



Анонс



– Дар Душанбе соати 10-00 иҷлосияи навбатии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба кор шурӯъ мекунад;

– Тренинги серӯза оид ба масоили барқароршавӣ ва ҷуброни зиён аз шиканҷа ба ҷабрдидагон ва наздикони онҳо дар Душанбе ифтитоҳ мегардад. Чорабиниро Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» бо дастгирии молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон барпо мекунад. Тренинг дар толори меҳмонхонаи «Гулистон тур» доир мегардад;

– Дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе Ҷашнвораи панҷуми байнулмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» оғоз мегардад;

– Гуштигирони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо дар Ташканд ба рақобат мепардозанд;



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8696

сомонӣ;


1

евро –

8.8738

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1173

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1926

– Ифтитоҳи Анҷумани аввалини Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон.


1928

– Дар Тоҷикистон ба ивази алифбои арабӣ хатти лотинӣ ҷорӣ карда шуд.


1938

– КИМ ва Шӯрои комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон «Дар бораи ҷорӣ намудани омӯзиши забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ ва ғайрирусӣ» қарор қабул карданд.


1985

– Таъсиси нашриёти «Шарқи Озод».


1996

– Таъсиси Шӯрои амнияти ҶТ, мақомоти машваративу тавсиявӣ, ки аз ҷониби президенти ҶТ ташкил мегардад.


2004

– Маликаи Ӯрдун Нур ба сифати сафири нияти неки БРСММ бо сафари серӯза ба Душанбе ташриф овард. Ӯ дар кори конфронси байнулмилалӣ оид ба мушкилоти минаҳои зидди пиёдагард дар минтақаи Осиёи Марказӣ иштирок кард.


2008

— Ҳукумати Тоҷикистон Оиннома ва сохтори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «НБО Роғун»-ро тасдиқ намуд.


2014

— Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ваҳдат боздид намуда, ба сохтмони корхонаи сементбарорӣ бо иқтидори 500 ҳазор тонна дар як сол ва арзиши 81,5 млн. доллари ИМА ҳусни оғоз бахшид.


1878

– Зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ.


1899

– Мавлуди шоир Пайрав Сулаймонӣ.


1932

– Зодрӯзи нависанда Зайниддин Дӯстматов.


1937

– Мавлуди китобшинос-библиограф, мудири шуъбаи дастхатҳои шарқ ва китобҳои нодири Китобхонаи миллии ҶТ ба номи А.Фирдавсӣ, номзади илми филология Абдуллоҷон Юнусов.


1937

– Зодрӯзи наворбардор Анвар Мансуров.


1938

– Мавлуди Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Устоқадам Машрабов.


1942

– Зодрӯзи рассом Бек Наим.


1950

– Мавлуди актёри театру кино Шералӣ Абдулқайсов.


1952

– Зодрӯзи шоир ва табиби мардумӣ Муллозуҳур Тоҳирӣ.


1952

– Мавлуди журналист Карим Мӯсо.


1955

– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Абдулло Султонов.


1958

– Мавлуди дипломат Саидбек Саидов.


1959

– Зодрӯзи ҷомеашинос Абдураҳмон Қурбонов.


1967

– Мавлуди олим Ғиёсиддин Сайфиддинов.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +11+16.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +21+26.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарб шабона +4+9, рӯзона +16+21; дар шарқ шабона -11-16, рӯзона +4+9.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10 рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +16+21. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +12+14 рӯзона +28+30.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +12+14 рӯзона+25+27.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +27+29.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +18+20.

spot_imgspot_img

Популярное