Интиқоди ИМА аз поймолкунии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

Дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ дар кишварҳои дунё ба мутамарказ шудани ваколатҳо дар дасти ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон, ки «як кишвари худкома» номида мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , муаалифони гузориш ба он таваҷчуҳ зоҳир кардаанд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон низоми […]



Дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ дар кишварҳои дунё ба мутамарказ шудани ваколатҳо дар дасти ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон, ки «як кишвари худкома» номида мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, муаалифони гузориш ба он таваҷчуҳ зоҳир кардаанд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон низоми сиёсии чандҳизбиро иҷозат медиҳад, вале давлати Тоҷикистон таърихан гуногунандешии сиёсиро поймол мекунад ва ин корро дар як соли гузашта ҳам идома додааст.

Дар ин  робита аз ҷумла аз таҳти назорати шадиди мақомоти амниятӣ қарор гирифтани ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ҳам аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 ёдоварӣ шудааст, ки бино ба хулосаи нозирони байналмилалӣ, бо камбуди гуногунандешӣ ва имкони интихоби воқеӣ баргузор шуд.

Дар гузориш ҳамин нотавонии шаҳрвандон ба тағйири ҳукумат аз тариқи интихоботҳои озоду одилона ва ҳамчунин шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ва афроди дигар аз сӯи мақомоти амниятӣ, таъқиби фаъолони сиёсӣ ва гурӯҳҳои мухолифин аз мушкилоти аз ҳама доғи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон шудааст.

Аз мушкилоти дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, яке маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён, озодии матбуот ва нашри озодонаи маълумот, бо шумули масдуд шудани чандин сомонаи хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ, дигаре – шароити бади озодиҳои мазҳабӣ ва якеи дигар хушунат ва табъиз алайҳи занон баршумурда шудаанд.

Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин шиканҷа дар артиш, ҳабсҳои худсарона, рад шудани ҳаққи шаҳрвандон ба муҳокимаи одилона, шароити сахту барои ҳаёт хатарнок дар зиндонҳои Тоҷикистон, манъи дастрасии нозирони байналмилалӣ ба маҳбасҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи коргарон ва қочоқи инсон, бо шумули қочоқи нирӯи корӣ ва қочоқи занон барои танфурӯширо аз дигар мушкилоти ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ ном мебарад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.