Дар машқгоҳи маркази таълимии Қувваҳои Мусаллҳаи Тоҷикистон имрӯз маросими ифтитоҳи нахустин размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД – «Ҷустуҷӯ-2016» доир гардида, дар он вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, Дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров ҳузур доштанд.
Зимни суханронӣ дар ин маросим Н.Бордюжа изҳор намуд, ки фаъолияти воҳидҳои иктишофӣ нақши хосса доранд, зеро саривақт ошкор сохтани тамоилҳои вазъҳои буҳронӣ, кашф ва дарёфти гурӯҳҳои террористӣ ва иктишофӣ, ки ба қаламрави кишварҳои узви СААД ворид мешаванд, барои минбаъд аз байн бурдани онҳо замина фароҳам меоваранд.
«Дар ин тамринҳо мо ду вазифа мегузорем: ҳамоҳанг сохтани амалҳои муштараки воҳидҳои иктишофӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангии таълимӣ ва роҳандозии низоми идоракунии нерӯҳои иктишофӣ», – таъкид дошт Н.Бордюжа.
Дар фарҷоми маросими ифтитоҳи размоишҳо Н.Бордюжа ба намояндагони ВАО зикр кард, ки «аз ҷониби аксари кишварҳо пешниҳод шудани воистаҳои техникии иктишофӣ хеле муҳим буда, аз ҳамаи онҳо истифода хоҳад шуд».
«Намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД бо ин воситахо аз наздик шинос шуда, ҳамчунин он ба якхела истифодабарии он имкон медиҳад. Ва аз ҳама муҳимтараш, ин самаранокии истифодаи онҳо барои иҷрои вазифаҳои асосиро беҳтар месозад», – таъкид дошт Дабири кулли СААД.
Ҳадаф аз размоиши муштарак такмили низоми ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард ва расонидани маълумоти иктишофӣ барои шикасти ҳариф, ҳамчунин санҷиши қобилияти мақомоти раёсати иктишофӣ дар роҳандозии амалиёт ва идоракунии амалии нерӯ ва воситаҳои тобеъ дар ҷараёни омодакунии амалиёти муштарак оид ба ҳимоя аз сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви СААД мебошад.
Дар тамринҳо мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои навъҳои гуногуни иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ба ин машқҳо сафарбарии ҳудуди 1500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои авиатсия дар назар аст.



