Бордюжа доир ба ҳадафҳои размоиш дар Тоҷикистон

Дар машқгоҳи маркази таълимии Қувваҳои Мусаллҳаи Тоҷикистон имрӯз маросими ифтитоҳи нахустин размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД – «Ҷустуҷӯ-2016» доир гардида, дар он вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, Дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров ҳузур доштанд. Зимни суханронӣ дар ин маросим Н.Бордюжа изҳор намуд, […]

ASIA-Plus



Дар машқгоҳи маркази таълимии Қувваҳои Мусаллҳаи Тоҷикистон имрӯз маросими ифтитоҳи нахустин размоиши муштараки нерӯ ва воситаҳои иктишофии кишварҳои узви СААД – «Ҷустуҷӯ-2016» доир гардида, дар он вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо, Дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров ҳузур доштанд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим Н.Бордюжа изҳор намуд, ки фаъолияти воҳидҳои иктишофӣ нақши хосса доранд, зеро саривақт ошкор сохтани тамоилҳои вазъҳои буҳронӣ, кашф ва дарёфти гурӯҳҳои террористӣ ва иктишофӣ, ки ба қаламрави кишварҳои узви СААД ворид мешаванд, барои минбаъд аз байн бурдани онҳо замина фароҳам меоваранд.

«Дар ин тамринҳо мо ду вазифа мегузорем: ҳамоҳанг сохтани амалҳои муштараки воҳидҳои иктишофӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангии таълимӣ ва роҳандозии низоми идоракунии нерӯҳои иктишофӣ», – таъкид дошт Н.Бордюжа.

Дар фарҷоми маросими ифтитоҳи размоишҳо Н.Бордюжа ба намояндагони ВАО зикр кард, ки «аз ҷониби аксари кишварҳо пешниҳод шудани воистаҳои техникии иктишофӣ хеле муҳим буда, аз ҳамаи онҳо истифода хоҳад шуд».

«Намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви СААД бо ин воситахо аз наздик шинос шуда, ҳамчунин он ба якхела истифодабарии он имкон медиҳад. Ва аз ҳама муҳимтараш, ин самаранокии истифодаи онҳо барои иҷрои вазифаҳои асосиро беҳтар месозад», – таъкид дошт Дабири кулли СААД.

Ҳадаф аз размоиши муштарак такмили низоми ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард ва расонидани маълумоти иктишофӣ барои шикасти ҳариф, ҳамчунин санҷиши қобилияти мақомоти раёсати иктишофӣ дар роҳандозии амалиёт ва идоракунии амалии нерӯ ва воситаҳои тобеъ дар ҷараёни омодакунии амалиёти муштарак оид ба ҳимоя аз сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви СААД мебошад.

Дар тамринҳо мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои навъҳои гуногуни иктишофии Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштирок мекунанд. Ба ин машқҳо сафарбарии ҳудуди 1500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои авиатсия дар назар аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?