Рўзҳои 13 ва 14 апрели соли 2016 Мудири шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонума Тиэ ТАМУРА барои иштирок дар маросими анҷом ёфтани 4 лоиҳа ба ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Шаҳритӯс ва Носири Хусрави вилояти Хатлон сафар кард.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар ҶТ иттилоъ доданд, дар чаҳорчўбаи Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба ҳокимиятҳои маҳалии ноҳияҳои фавкуззикри вилояти Хатлон барои иҷрои лоиҳаҳо 399,491 доллари ИМА маблағгузорӣ гардид.
Мақсади асосии лоиҳаҳои иҷрошуда беҳтар намудани муҳити таълимӣ тавассути сохтмони биноҳои нави мактаб ва беҳдошти сифати хизматрасонии тиббӣ тавассути дастрас намудани таҷҳизоти нави тиббӣ ба беморхонаҳо буд.
Рӯзи 13-ми апрели соли 2016 маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи рақами 29 дар деҳаи ба номи Саъдии Шерозии ҷамоати Рудакии ноҳияи Вахш » баргузор гардид. Пеш аз иҷрои лоиҳаи мазкур, мактаби ибтидоии №29 танҳо аз 3 синфхона иборат буда талабагони синфҳои 1 то 4 дар 3 баст мехонданд ва хонандагони синфҳои боло маҷбур буданд барои таҳсил то мактаби қишлоқи ҳамсоя 7 км пиёда раванд. Барои сохтмони бинои нави мактаб ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти ноҳияи Вахш маблағи умумии 109,910 доллари ИМА дастрас шуд.
Баъдан хонум Тамура дар маросими ба охир расидани «Лоиҳаи сохтмони бинои нав барои мактаби №8 дар деҳаи «Сомонобод»-и ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар» (ҳоло номи деҳа ба “Ҳ. Шерозӣ” иваз шуд) иштирок намуд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар барои иҷрои лоиҳаи мазкур маблағи 101,245 доллари ИМА ба даст овард. Пас аз анҷоми лоиҳа, мактаббачагон менавонанд дар муҳити таълимии беҳтар хонанд.
Худи ҳамон рӯз, маросими ба охир расидани «Лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритӯс» баргузор гашт. Пас аз дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ, маркази саломатӣ минбаъд метавонад ба беморон табобати босамар пешниҳод намояд. Грант ба маблағи 87,686 доллари ИМА ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритӯс барои дастрас кардани таҷҳизоти тиббии нав дода шуд. Баъд аз бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳа, Беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳритӯс сохиби таҷҳизоти муосир, аз ҷумла миз ва чароғи ҷарроҳӣ, дастгоҳи рентгенӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ғайра гашт.
Рӯзи оянда, 14-ми апрели соли 2016, хонум ТАМУРА ба ноҳияи ба номи Носири Хусрав сафар карда дар маросими анчомёбии «Лоиҳаи барқарор намудани бино ва дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ ба беморхонаи минтақавии №1 ҷамоати деҳоти «Навруз»-и ноҳияи ба номи Носири Хусрав» мушорикат варзид. Баҳри иҷрои лоиҳа, ба хукумати махаллӣ маблағи 100,650 доллари ИМА бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба беморони ноҳия дода шуд.
Дар давоми маросимҳо хонум Тамура дар суханронии хеш аҳамияти лоиҳаҳои GGP-ро барои рушди Тоҷикистонро арзёби намуд. Раисҳои мақомотҳои ҳар як ноҳияи номбаршуда ибрози ақида карданд, ки муносибати дустона байни Тоҷикистон ва Ҷопон ҳарчи бештар таҳким хоҳанд ёфт ва миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷопон барои рушди Тоҷикистон изҳор намуданд.



