Тоҷикистон бори нахуст дар сафи кишварҳои поймолкунандаи озодиҳои мазҳабӣ

Департаменти давлатии ИМА бори нахуст Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки дар онҳо ҳуқуқ ба озодиҳои мазҳабӣ поймол карда мешаванд. Дар баробари Тоҷикистон дар ин феҳрист ҳамчунин Миянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Узбакистон ҳузур доранд. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбеи 14-уми апрел […]



Департаменти давлатии ИМА бори нахуст Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳое шомил кард, ки дар онҳо ҳуқуқ ба озодиҳои мазҳабӣ поймол карда мешаванд.

Дар баробари Тоҷикистон дар ин феҳрист ҳамчунин Миянмар, Чин, Эритрея, Эрон, Кореяи Шимолӣ, Судон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон, Узбакистон ҳузур доранд.

Бино ба маълумоти

Радиои Озодӣ

, Вазорати умури хориҷии Амрико рӯзи панҷшанбеи 14-уми апрел тасмимаш барои қарор додани Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар дар феҳристи “Кишварҳои нигарониҳои хос”-ро ба иттилои Конгресси он кишвар расонидааст.

Гуфта мешавад, қонуни озодиҳои мазҳабии байналмилалӣ” соли 1998 дар Конгресси Амрико тасвиб ва пас аз имзои президенти вақти он кишвар, ба ҳолати иҷро даромада, ҳадаф аз иҷрои ин қонун, рушди озодиҳои мазҳабӣ мутобиқ ба сиёсати хориҷии Амрико ва ҳимоят аз афроде аст, ки бинобар эътиқодоти мазҳабиашон дар кишварҳои хориҷӣ, таҳти фишор қарор гирифтаанд.

Дар вокуниш ба ин гузориш, як масъули Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон аксар интиқодҳои гузориши Департаменти давлатии ИМА-ро бепояву асос хонда буд. ​Ба гуфтаи ин масъул, ҳукумати Тоҷикистон солона худаш ба Амрико ҳисобот медиҳад, ки вазъи озодиҳои динӣ дар кишвар чӣ гуна аст. Ба гуфтаи ӯ, дар кишвар бештар аз 4000 иттиҳодияи динӣ амал мекунад ва бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон фаъолияти як қатор равияҳои динӣ, ки барои вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ ва барангехтани низоъ айбдор шудаанд, мамнӯъ эълон шуданд.

Аз ин қабл, Амрико гуфта буд, давлати Тоҷикистон бо баҳонаи мубориза бо унсурҳои бунёдгароӣ дар ин кишвар, мухолифон ва мазҳабиҳоро саркӯб мекунад. Гуфта мешуд, ки “Давлати Тоҷикистон аъзои созмонҳои мамнӯи мазҳабиро на ба хотири иртикоби ҷинояти мушаххас, балки танҳо барои узвият дар ингуна созмонҳо боздошт ва зиндонӣ кардааст.”

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.