Давраи омӯзишии КБСС барои табибони Қӯрғонтеппа



Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон як давраи омӯзишии муштарак барои духтурони кӯмакҳои фаврӣ дар ҳолати чароҳатҳои васеъ баргузор  мекунад. Давраи омӯзишӣ аз 20 то 22 апрели соли 2016 дар шаҳри Қӯрғонтеппа доир мегардад.

Омӯзиши иқдомоти таъҷилии тиббӣ дар ҳолати ҷароҳатҳои васеъ барои 20 духтури бахши фавриятӣ аз вазоратхо ва дигар муассисаҳо баргузор мегардад. Ин омӯзиш дар асоси принсипҳои эътирофшудаи байналмилалии ташхис ва табобати фаврии одамон аз захмҳои вазнин, ки дар давраи низомӣ ва шаҳрвандӣ гирифта шудаанд, асос мегирад.

Моҳи марти соли равон ҳамин намуд омӯзиш дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуд. То ба имрӯз, 111 нафар табибони ҷумҳурӣ қобилияти худро оид ба кӯмакҳои фаврӣ дар ҳолати чароҳатҳои васеъ, ба воситаи омӯзишҳои КБСС, ки аз соли 2014 амалӣ шуда истодаанд, такмил додаанд.

Баргузории ин омӯзиш бо мусоидати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъӣ имконпазир шуд.

spot_imgspot_img

Популярное