Пешгирии қочоқи 30 ҳазор $ ба Чин

Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагони прокуратураи нақлиёти кишвар аз ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар баровардани асъори хориҷӣ ба маблағи 30 ҳазор доллари ИМА ҷилавгирӣ карданд. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти хадамоти гумрук, зимни гузаронидани санҷиши такрории мусофирону бағочи хатсайри Душанбе – Урумчӣ (Чин) дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назди зинапояи ҳавопаймо дар кисаи мусофир […]

ASIA-Plus



Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагони прокуратураи нақлиёти кишвар аз ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар баровардани асъори хориҷӣ ба маблағи 30 ҳазор доллари ИМА ҷилавгирӣ карданд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти хадамоти гумрук, зимни гузаронидани санҷиши такрории мусофирону бағочи хатсайри Душанбе – Урумчӣ (Чин) дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе назди зинапояи ҳавопаймо дар кисаи мусофир А.Саидов 30 ҳазор доллари ИМА ошкор шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел прокуратураи нақлиёти ҷумҳурӣ бо дастрасии моддаи 289, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (қочоқ) парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Гуфта мешавад, барои шаҳрвандони Тоҷикистон интиқоли асъори хориҷӣ то 3 ҳазор доллар иҷозат дода шуда, дар сурати аз ин бештар бо худ пул доштан ва ё фиристодан, бояд он ба расмиятдарории гумрукӣ (декларация) карда шавад ва мақсади интиқолу бо худ берун кардани пул мушаххас гуфта шавад.

Зимнан зикр мегардад, ки ин талабот барои шаҳрвандони хориҷӣ низ дахл дошта, онҳо низ ҳангоми кору фаъолият дар Тоҷикистон ин тартиботро бояд риоя кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.