Дархости ҳукми ҳабси абад барои Умедҷони Амрохон

Барои гумонбари асосӣ дар парвандаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт Умедҷони Амрохон айбдоркунандаи давлатӣ содир шудани ҳукми ҳабси абадро дархост кард. Дар Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҳамла ба кормандони комиссариати ноҳияи Сино барқарор шуда, ба ҷуз гумонбари асосӣ боз панҷ нафари дигар дар курсии айбдорӣ ҷавоб мегӯянд. Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи […]



Барои гумонбари асосӣ дар парвандаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт Умедҷони Амрохон айбдоркунандаи давлатӣ содир шудани ҳукми ҳабси абадро дархост кард.

Дар Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи ҳамла ба кормандони комиссариати ноҳияи Сино барқарор шуда, ба ҷуз гумонбари асосӣ боз панҷ нафари дигар дар курсии айбдорӣ ҷавоб мегӯянд.

Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, барои Умедҷони Амрохон – гумонбари асосӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино – ҳабси абад хостааст. Дар ин бора 18 апрел Савлатбӣ Раҳматова, модари Умедҷон, ба

Радиои Озодӣ

хабар дод ва гуфтааст, ки мурофиаи ниҳоии писараш ба зудӣ дар додгоҳи пойтахт баргузор хоҳад шуд.

Аммо Раҳматова ин талаби намояндаи додситониро “бениҳоят сангин” хонда ва гуфтааст, ҳангоми ироаи сухани охирин аз додрас хоҳанд хост, то ҳукми писарашро сабуктар кунад. “Дубора ба раисиҷумҳури Тоҷикистон низ нома навишта, аз ӯ дар ин маврид кумак хостаам. Умед дорем, ин мушкили мо то ҳадде ҳалли худро меёбад, вагарна писарам қурбонӣ хоҳад шуд,” – гуфтааст ӯ.

Ба қавли Савлатбӣ Раҳматова, айбдоркунандаи давлатӣ барои ҳамроҳони писараш – бародарон Наврӯзҷон ва Одилҷон Мирзоевҳо 5-солӣ ва Ҷумъахони Давлатшоҳ, Шоҳинҷон Сафаров ва Шарифҷон Раҳматов 2-солии зиндон талаб кардааст.

Ин мурофиаи судӣ 17 феврали дар бинои суди шаҳри Душанбе оғоз гардида, парванда аз 3 ҷилд иборат аст. Дар мурофиа судя Тоҳир Мӯсобекзода раёсат дошта, ҷониби айбдоркунуандаи давлатиро намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ Бахтиёр Маҳмудзода намояндагӣ мекунад.

Чанде пеш ҷиҳати санҷиши изҳороти айбдоркунандагон дар бораи нисбаташон аз шиканҷа кор гирифтан, баррасии мурофиаи мутаваққиф шуда, айни замон баррасии парванда дубора аз сар гирифта шудааст.

Рӯзи 13 ноябри соли 2015 мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон

иттилоъ дода буданд

, ки ба гумони даст доштан дар куштори ду нафар кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт сокини 21-солаи шаҳри Кӯлоб Умедҷони Амрохонро боздошт намуданд. Баъдан дигар гумонбарони эҳтимолии дар ин ҷиноят дастдошта низ дастгир шуда, бародарон Наврӯзҷон ва Одилҷон Мирзоевҳо ба хабар надодан дар бораи ҷиноят айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки 

субҳи рӯзи 7 ноябр

 афроди номаълум  ба 4 тан аз кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дарафтода, дар натиҷа ду нафар аз кормандони ин комиссариат ҳалок ва боқимонда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.

Ғайр аз ин, ВКД Тоҷикистон изҳор намуда буд, ки ҳодисаи куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳеҷ рабте надорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.