Ташрифи низомии воломақоми ИМА ба Тоҷикистон

Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Дарси Д. Роҷерс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард ва дар як қатор мулоқот бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, бо онҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятро матраҳ намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар Ҷт иттилоъ доданд, […]



Фармондеҳи Қӯшунҳои таъиноти махсуси Фармондеҳии марказии ИМА генерал-майор Дарси Д. Роҷерс ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ташриф овард ва дар як қатор мулоқот бо шахсони расмии олирутбаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат варзида, бо онҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавӣ оид ба масъалаҳои амниятро матраҳ намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Ҷт иттилоъ доданд, дар рафти сафари худ, генерал-майор Роҷерс бо Элизабет Миллард, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва Памела Л. Спратлен, сафири ИМА дар Ӯзбекистон вохӯриҳо гузаронида, бо онҳо масъалаи ҳамкориҳои давомдори низомӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ҳамкории Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро бо қувваҳои махсуси Тоҷикистону Узбакистон матраҳ намуд.

Гуфта мешавад, генерал-майор Роҷерс, ҳамчунин, бо мақомдорони аршади низомии кишварҳо мулоқот намуда, аҳамияти идомаи ҳамкориҳо ва кӯмаки Қӯшунҳои таъиноти махсусии Фармондеҳии марказиро барои таъмини сулҳу субот ва амният дар Осиёи Марказӣ қайд намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.