Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки давоми рӯзҳои аз 17 то 23 апрели соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо боришоти борон, ба амал омадани раъду барқ, боридани ҷола, дар доманкӯҳҳо омадани сел, баландшавии сатҳи оби дарёҳо, сангрез ва ярч дар назар дошта шудааст.
Зимнан аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда шудааст, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.



