КҲФ аз селу ярч ва сангрезу ҷола ҳушдор медиҳад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки давоми рӯзҳои аз 17 то 23 апрели соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо боришоти борон, ба амал омадани раъду барқ, боридани ҷола, дар доманкӯҳҳо […]

ASIA-Plus



Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати Тоҷикистон ба иттилои аҳолии ҷумҳурӣ мерасонад, ки давоми рӯзҳои аз 17 то 23 апрели соли равон дар миқёси ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар аст.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, дар ин рӯзҳо боришоти борон, ба амал омадани раъду барқ, боридани ҷола, дар доманкӯҳҳо омадани сел, баландшавии сатҳи оби дарёҳо, сангрез ва ярч дар назар дошта шудааст.

Зимнан аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва меҳмонон хоҳиш карда шудааст, ки дар ин давра мувофиқи имконият аз сафар кардан тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худдорӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.