Дар Қaроргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк 19 апрели соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ сиюмин Ҷаласаи вижаи худро доир ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи мухаддир оғоз намуд.
Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ба ҳайси Роҳбари ҳайат ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ширкат ва суханронӣ намуданд.
Гуфта мешавад, дар суханронии худ Роҳбари ҳайат оид ба иқдом ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир маълумот дода, қайд намуд, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз ҷузъҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, экстремизм ва терроризм мебошад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ин росто, таҳким ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид муҳим арзёбӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки Ҷаласаи вижаи Маҷмаи Умумии ССозмони Милали Муттаҳид то рӯзи 21 апрели 2016 идома хоҳад ёфт.





