Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба маводи мухаддир

Дар Қaроргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк 19 апрели соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ сиюмин Ҷаласаи вижаи худро доир ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи мухаддир оғоз намуд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ба ҳайси Роҳбари ҳайат ва Директори Агентии назорати […]

ASIA-Plus



Дар Қaроргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк 19 апрели соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ сиюмин Ҷаласаи вижаи худро доир ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи мухаддир оғоз намуд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ба ҳайси Роҳбари ҳайат ва Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ширкат ва суханронӣ намуданд.

Гуфта мешавад, дар суханронии худ Роҳбари ҳайат оид ба иқдом ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир маълумот дода, қайд намуд, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз ҷузъҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, экстремизм ва терроризм мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин росто, таҳким ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид муҳим арзёбӣ гардид.

Қобили зикр аст, ки Ҷаласаи вижаи Маҷмаи Умумии ССозмони Милали Муттаҳид то рӯзи 21 апрели 2016 идома хоҳад ёфт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.