Имомхатиби яке аз масҷидҳои Суғд барои таблиғи салафия маҳкум шуд



Имомхатиби масҷиди намози панҷгонаи ба номи «Имоми Аъзам»-и ҷамоати Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва чор нафар ҳаммаслаконӣ ӯ барои узвият дар сафҳои равияи динии мамнӯъ дар Тоҷикистон – Салафия маҳкум шуданд.

Боир Зоирзода, судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҳамзамон раиси ин мурофиа ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки имомхатиби 58-сола Ҳамид Каримов ва ҳаммаслакони ӯ – Абдумаҷид Абдуқодирови 34-сола, Муҳаммадсаид Саидови 35-сола, Мирзомуҳаммад Раҳматови 32-сола ва Фарҳод Каримови 31-сола, ки ҳамаашон сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошанд, моҳи январи соли равон боздошт шудаанд.

«Имомхатиб масҷиди намози панҷгонаро ба ду қисмат тақсим намуда, дар якеаш ҷонибдоронаш ҷамъ омадаву ибодат мекардаанд ва ӯ ба онҳо афкори равияи салафияро таблиғ мекардааст. Дар қисмати дигар бошад, ибодати маъмулӣ сурат мегирифтааст. Ҷонибдоронаш дар хонааш ҳам ҷамъ мешудаанд», – иброз дошт судя.

Зимнан зикр гардид, ки имомхатиб ба 8 сол ва чор тан аз ҳаммаслаконаш ҳар кадоме ба 7 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шудаанд.

spot_imgspot_img

Популярное