Оғози Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон

Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегардад, ки то 26 апрел идома меёбад. Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳайати аҳли фарҳанги Ҳиндустон аз 40 нафар мусиқачиёну ҳунармандони театр иборат аст. Дар доираи ин чорабинӣ намояндагони Ҳиндустон аз марказҳои […]



Шоми имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҳиндустон дар Тоҷикистон доир мегардад, ки то 26 апрел идома меёбад.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, ҳайати аҳли фарҳанги Ҳиндустон аз 40 нафар мусиқачиёну ҳунармандони театр иборат аст.

Дар доираи ин чорабинӣ намояндагони Ҳиндустон аз марказҳои фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷумла Осорхонаи миллӣ ва Китобхонаи миллӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон аз наздик ошно мешаванд.

Рӯзи 21 апрел сафари меҳмонон ба Ҳисор ва консерти онҳо барои аҳолии ин ноҳия, 22 апрел – боздид аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон, 23 апрел – боздид аз Донишкадаи давлатии  фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ва 24 апрел – сафар ба шаҳри Норак дар назар буда, меҳмонон ба аҳолӣ ва донишҷӯёну омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ барномаи консертии худро намоиш медиҳанд.

Барномаи консертии хотимавӣ дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ шоми рӯзи 25 апрел баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҳиндустон ҷараён дорад, ки то 24 апрел идома меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.