Дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 апрел сафири Ҷумҳурии Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Чари Адаев пазируфта шуд.
Тибқи иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вохурӣ ноибони президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академикҳо Кароматулло Олимов, Саимуҳаммад Одинаев, саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунёд Ғаффоров ширкат варзиданд.
Дар вохӯрӣ Сафири Ҷумҳурии Туркманистон ҳамкориҳои илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Ҷумҳурии Туркманистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамчунин омодагӣ оид ба баргузор намудани мизи мудаввар бахшида ба зодрӯзи шоири шинохтаи туркман Махтумқулӣ баррасӣ гардид.
Ҳамин рӯз дар Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ бо директори барномаи Иттиҳоди ҳифзи табиат ва гуногунии биологии Олмон дар Осиёи Марказӣ Борис Леонидович Тихомиров, намояндаи ин Иттиҳод Кристиан Роттгер ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Ҳамдамзода баргузор гардид.
Бино ба иттилои Шервони Умриддин, котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохурӣ ҳамчунин ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳиба Якубова ва саркотиби илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вохурӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи олами ҳайвонот ва экасистемаҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.





