Таксирони тоҷик мубаллиғи Давлати исломӣ дар Маскав

Дар ҷараёни амалиёти «Такси» кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистонро, ки ба гумони ҷалби одамон ба сафҳои созмони фаъолияташ мамнӯъ дар қаламрави Русия – Давлати исломӣ мавриди пайгард қарор дошт, боздошт намуданд. Сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав Анатолий Якунин гуфтааст, дар доираи ин амалиёт таксирон, зодаи Тоҷикистон, ки барои содир намудани […]



Дар ҷараёни амалиёти «Такси» кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав як зодаи Тоҷикистонро, ки ба гумони ҷалби одамон ба сафҳои созмони фаъолияташ мамнӯъ дар қаламрави Русия – Давлати исломӣ мавриди пайгард қарор дошт, боздошт намуданд.

Сардори Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав Анатолий Якунин гуфтааст, дар доираи ин амалиёт таксирон, зодаи Тоҷикистон, ки барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба ҷалби шаҳрвандон барои иштирок дар даргириҳои Сурия мавриди ҷустуҷӯи байнулмилалӣ эълон шудаст, боздошт шуд.

Ба гуфтаи ӯ, 173 ҳазор нафар ронандагони автомашинаҳои сабукрави такси санҷида шуда, маълум шудааст, ки беш аз 40%-и таксиронҳо шаҳрвандони хориҷӣ ва маъмулан аз кишварҳои хориҷи наздик мебошанд.

«Миёни онҳо 902 нафарашон барои содир намудани ҷиноят, аз ҷумла 14 нафар барои куштор ва ҳамчунин афроди маҳкумшуда бо ҷурми таҷовуз ба номус ва гаравгонгирӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд», – иброз доштааст ӯ.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, кормандони пулис 304 нафар таксиронҳоро бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ ошкор намудаанд, ки бо шаҳодатномаҳои қалбакӣ ба мусофиркашонӣ машғул будаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.