Раисони парлумонҳои Тоҷикистону Эрон ҷонибдори густариши ҳамкориҳо



Дар доираи иштирок дар кори машварати раисони парлумони кишварҳои АвруОсиё таҳти унвони «Ҳамкории байнипарлумонӣ ба манфиати некӯаҳволии муштараки кишварҳои минтақаи Авруосиё дар асри 21», ки дар Маскав мегузарад, имрӯз 20 апрел раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон Алӣ Лориҷонӣ бо хоҳиши ӯ дидору гуфтушунид кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Маскав ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар мулоқот асосан ба масоили марбут ба густариши робитаҳои байнипарлумонии дуҷониба таваҷчуҳ зоҳир шудааст.

Зимни вохӯрӣ Ш.Зуҳуров таъкид доштааст, ки миёни Тоҷикистону Эрон 160 шартномаву созишномаҳо дар соҳаҳои гуногун ба имзо расида, дар бозорҳои Тоҷикистон 5 ширкати эронӣ фаъолият доранд.

Дар мулоқот доир ба табодули таҷриба миёни парлумонҳои ҳарду кишвар дар бахши омодасозӣ, таҳлил ва ташхиси лоиҳаҳои қонунҳо тавофуқ ҳосил шудааст.

spot_imgspot_img

Популярное