Ҳайати ширкати швейтсарии трейдингии Glencore International, ки яке аз ширкатҳои бузургтарини таъминкунандаи маҳсулот ашёи хом ва маводи нодири заминӣ дар саросари ҷаҳон маҳсуб меёбад, ба Душанбе ташриф овард. Ҳайатро президенти ширкат айван Гласенберг раҳбарӣ мекунад.






Ҳайат дирӯз аз «Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) боздид намуд, ки чандин сол байни ҳамдигар ҳамкорӣ доранд. Ширкат ба корхонаи бузургтарини саноатии Тоҷикистон барои гузаштан ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва азнавсозии истеҳсолот кумак мекунад.
Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори генералии Ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария (Glencore International AG) Айван Глазенбергро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот фаъолияти Ширкати «Гленкор» дар Тоҷикистон ва ҳамкории он бо корхонаҳои бузурги саноатии мамлакат муҳим арзёбӣ шуда, таъкид гардид, ки ҳанӯз ҳам дар раванди пешбурди муносибатҳои ҳамкорӣ имконоту иқтидорҳои истифода нашуда зиёд ба назар мерасанд.
Гуфта мешавад, ширкати байналмилалии «Гленкор» -и Шветсария аз соли 2007 инҷониб бо Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» шартномаи ҳамкорӣ дошта дар таъмини эҳтиёҷоти ин корхонаи бузурги саноатии мамлакат бо гилхок ва алюминийии аввалия саҳм мегузорад.





