Ҳ.Карзай: «Аз нобоварӣ миёни абарқудратҳо азият мекашем»

Дар робита ба яке аз омилҳои аслии бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтани вазъи Афғонистон, дар яке аз чорабиниҳои Ҳамоиши XIII расонаҳои хабарӣ (медиафорум)-и Авруосиё дар шаҳри Остона, ки дар «Донишгоҳи Назарбоев»доир гардид, собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар мавзӯи «Афғонистон: хатарҳо ва имконоти тоза» маърӯза кард. Зимни суханронӣ Ҳомид Карзай доир ба таҳдиду […]

ASIA-Plus



Дар робита ба яке аз омилҳои аслии бесуботӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил ёфтани вазъи Афғонистон, дар яке аз чорабиниҳои Ҳамоиши XIII расонаҳои хабарӣ (медиафорум)-и Авруосиё дар шаҳри Остона, ки дар «Донишгоҳи Назарбоев»доир гардид, собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар мавзӯи «Афғонистон: хатарҳо ва имконоти тоза» маърӯза кард.

Зимни суханронӣ Ҳомид Карзай доир ба таҳдиду хатарҳои нав ва тарзу воситаҳои ба эътидол овардани вазъ дар ин кишвар ибрози андеша карда, қайд кард, ки сабаби аслии терроризми байнулмилалӣ нобоварӣ миёни кишварҳои абарқудрат аст.

«Барои мубориза бо терроризм дар навбати аввал ба ҷуз аз нерӯ кор гирифтан, мебояд решаҳои ин мушкилотро дарёфт ва бартараф намуд», – изҳор кардааст ӯ.

Ҳомид Карзай ба сарони кишварҳои ИМА, Чин, Ҳиндустон ва Русия тавсия дод, ки мавқеи худро ба ҷаҳони боқимонда беҳтару саҳеҳтар шарҳ диҳанд. «Таҷрибаи ман дар Афғонистон бозгӯи он аст, ки мо аз нобоварӣ миёни кишварҳои асосии дунё азият мекашем», – таъкид доштааст собиқ президенти Афғонистон.

Гуфта мешавад, дар фарҷоми маърӯза раисҷумҳурӣ 12-уми Афғонистон ба саволҳои донишҷӯён посух гуфтааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.