«Тоҷиксодиротбонк» кормандонашро ихтисор мекунад

ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» як қисмате аз кормандонашро ба рухсатии бемузд гусел карданист, аммо аз шарҳи сабаби ин иқдом дар худи бонк худдорӣ варзиданро авло медонанд. Аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то ҳол ҳеҷ нафаре аз кормандони бонк ба рухсатии бемузд фиристода нашудааст ва навиштаҳои бархе аз ВАО дар […]

ASIA-Plus



ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» як қисмате аз кормандонашро ба рухсатии бемузд гусел карданист, аммо аз шарҳи сабаби ин иқдом дар худи бонк худдорӣ варзиданро авло медонанд.

Аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки то ҳол ҳеҷ нафаре аз кормандони бонк ба рухсатии бемузд фиристода нашудааст ва навиштаҳои бархе аз ВАО дар ин хусус асоси воқеӣ надоранд.

Бино ба гуфти манбаъ, оянда маъмурияти бонк ният дорад, ки як қисмате аз кормандонро ба муҳлати номуайян ба чунин рухсатӣ ҷавоб диҳад. «Мо аллакай имзои шахсонеро, ки ихтисор мешаванд, гирифтем, яъне онҳоро аз нияти худ огоҳ кардем», – гуфтанд дар бонк.

Дар робита ба муайян кардани сабаби чунин тасмим гирифтани бонк ба мо тавсия доданд, ки ба раҳбарияти бонк муроҷиат кунем, вале то ҳол тамос гирифтан бо онҳо муяссар намешавад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози сол доир ба «пардохтнопазирӣ» ва ва гӯё муфлисшавии имконпазири ин бонк овозаҳо ҷой доранд.

Санаи 9 марти соли равон масъулини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки Аврупоӣ оид ба таҷдид ва рушд (БАТР) масъалаи рушди сохтори бонкии Тоҷикистон, бахусус нақши бонкҳои низомсоз ба монанди «Тоҷиксодиротбонк»-ро 

баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ахири моҳи март дар

маҷлиси солонаи умумии

саҳҳомони ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» низ масоили солимгардонии вазъи молиявӣ баррасӣ шуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.